Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Оғози мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рашт

Дар ноҳияи Рашт мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо расман оғоз гардид.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки гӯштини миллӣ ҳамчун яке аз намудҳои қадимаи варзиш, дар тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон нақши муҳим дошта, барои таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва муттаҳидии ҷомеа мусоидат менамояд.
Мусобиқа бо ҳузури паҳлавонони варзида аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардида, фазои идона ва рақобати солимро фароҳам овард. Иштирокчиён маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, барои дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ талош варзиданд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи сиёсати варзишпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ба рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.