Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҶАРАЁНИ ВОХӮРҲО БОБАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ БАНДҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 28 феврали соли 2024 дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Аскалон, Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх  баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба самти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани замин, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, саноатикунонии мамлакат, тозагии маҳал, суханронӣ гардида, қайд карда шуд, ки ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.