Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИНТИХОБОТ ДАР РАШТ №12

Иштироки овоздиҳандагони навоҳии минтақа Рашт дар интихоботи ҳизбҳои сиёсӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи ноҳияҳо дар ҳавзаи интихоботии Рашт № 12 муташаккилона ҷараён гирифт.Овоздиҳӣ субҳи барвақти санаи 2 марти соли равон дар фазои идона бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Интихобкунандагон бо дарки масъулият ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷонибдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои арзандаи хеш овоз доданд.
Дар участкаҳои мушоҳидашуда тамоми шароитҳои барои овоздиҳангон муҳайё гардида, мардум ин рӯзро чун рӯзи ид истиқбол мегирифтанду даста-даста ба сӯи участкаҳо мешитофтанд.  Ба гуфтаи Юнус Абдуллоев, раиси ҳавзаи якмандатаи Рашт №12, дар ҳавзаи интихоботии мазкур дар маҷмуъ 199 участкаи интихоботӣ ташкил гардида, 147 ҳазору 16 нафар овоздиҳандагон дар онҳо ба қайд гирифта шуда буданд.
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъӣпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Лахшу Сангвор ва Нуробод ҳавзаи интихоботи ҳудудии якмандатии Рашт №12 таъсис дода шудааст.  Аз шумораи умумии интихобкунандагони ин ҳавза 8957 нафар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ маротибаи аввал иштирок менамоянд.  Иттилоъ дода шуд, ки барои 1702 нафар интихобкунандагони имконияташон маҳдуд кабинаҳои алоҳидаи овоздиҳӣ ва барои бе монеа ворид шудан ба бинои участка тариқи аробачаҳои маъюбӣ гузаргоҳҳои махсус сохта шудааст.
Масъулони ҳавзаи интихоботии Рашт №12 гуфтанд, ки давоми рӯз, яъне то замони ҷамъбасти овоздиҳӣ, ки соати 20:00-и имшаб муқаррар шудааст, интихобкунандагоне, ки бо сабаби беморӣ ва ё сабабҳои дигар ба бинои овоздиҳӣ омада наметавонанд, аз ҷониби комиссияҳои участкавии интихобот қуттиҳои сайёр ташкил карда шуда, дар ҳузури нозирону намояндагони воситаҳои ахбори омма ва шахсони боэътимод овоздиҳии онҳо пурра таъмин карда мешавад.
Интихобот дар ҷомеаи демократӣ падидаи муҳим маҳсуб меёбад ва иштироку таваҷҷуҳи имрӯзаи мардум дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо барои ояндаи давлату миллати худ бетараф нестанд ва бо интихоби номзади арзанда ва ё ҳизби сиёсӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд.