14 майи соли 2020 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Бобоҷонов Муҳиб ва фарзандони ӯ ба зиёда аз 400 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт, ки имрӯзҳо барои табобати аҳолии ноҳия аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) хизмат намуда истодаанд, ба маблағи 500 сомонӣ ба ҳар як корманд кумаки молиявӣ расонида шуд.
Author: rasht
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба
09.05.2020, шаҳри Душанбе 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар пояи лавҳаи ёдгории “Боғи Ғалаба”-и пойтахт гулчанбар гузоштанд. Дар ин маросим Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]
Корхонаи «Захира дар минтақаи Рашт» 480 тонна орд ва 500 тонна гандум захира намудааст
РАШТ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар» Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт имрӯзҳо барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал зиёда аз 500 тонна гандум захира намуда, инчунин ба воситаи мағозаҳои зертобеаш дар ноҳияҳои Рашт 210 тонна орд, Ҷамоати деҳоти Сағирдашт 100 тонна, Сангвор 70 тонна, Лахш […]
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба
08.05.2020, шаҳри Душанбе Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз! Мардуми сулҳхоҳи олам, аз ҷумла сокинони Тоҷикистон фардо, яъне рӯзи 9-уми май ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ – 75-умин солгарди ғалаба бар фашизмро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва мардуми […]
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.04.2020, шаҳри Душанбе 30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлис нахуст оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии […]
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
23.04.2020, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони Ватан файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу менамоям. Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати […]
Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум
17.04.2020, шаҳри Душанбе 17 апрел Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар асоси моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” то интихоб шудани […]
ЛОИҲАИ “ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАҶМӮӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК” ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ МУАРРИФӢ ГАРДИД
Аз 30 март то 2 апрели соли равон бо мақсади муаррифии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд 0627-TAJ (SF))-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа: Рашту Файзободи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, Гурӯҳи кории табиқи лоиҳаи мазкур таҳти роҳбарии муовини […]
ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳияи Рашт буда, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши сокинони заҳматпешаи он тайи солҳои охир уфуқҳои тозаи рушд касб дорад. Ин аст, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда ба 447 миллиону […]
РАИСИ НОҲИЯИ РАШТ МУҚИМӢ РАҲИМҶОН НАБИЗОДА – УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 марти соли равон бо ҳузури 2163 нафар вакили интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ 25 нафар ба аъзогии […]