Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ БА 80 ОИЛАИ НИЁЗМАНДИ НОҲИЯИ РАШТ

Бо мақсади дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои ниёзманд, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба 80 оилаи эҳтиёҷманд, аз ҷумла оилаҳои дорои маъюбон, нимятимон ва оилаҳои камбизоат, кумаки моддӣ дар шакли ангишт пешниҳод гардид.
Дар доираи ин иқдоми хайрхоҳона ба ҳар як оила 400 килограмм ангишт ҷудо карда шуд, ки он дар фасли сармо барои гарм намудани манзил ва беҳтар намудани шароити рӯзгори онҳо мусоидат менамояд.
Ин иқдоми инсондӯстона дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои Раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо амалӣ гардида, бозгӯи ғамхорӣ нисбат ба оилаҳои ниёзманд мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт минбаъд низ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои эҳтиёҷманд ва тақвияти фазои ҳамдигарфаҳмию меҳрубонӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.