Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Семинари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»

Санаи 06 июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт семинари фаҳмондадиҳи бо иштироки муовини аввали раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ, Маликова Муҳаббат- сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва маниторинги иҷрои барномаҳои миллӣ ва Зиёев Соҳибҷон-сармутахассиси Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар семинар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт (барои минтақаи Рашт), ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор муаррифӣ карда шуд.