Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ  РАМЗИ САРҶАМЪӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ силсилаи чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангиву сиёсӣ баргузор гардида, сокинони ноҳия ин санаи муқаддаси таърихиро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил намуданд.
Тантанаи марказии идона дар майдони варзишии деҳаи Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум баргузор шуда, қабл аз оғози қисми расмӣ роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, дастовардҳои соҳибкорон, таомҳои миллӣ ва маҳсули меҳнати сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия боздид ба амал оварданд.
Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Рашт Хушмаҳмадзода Фарзона ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфт.
Сипас раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо паёми табрикии худро ироа намуда, таъкид кард, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ буда, маҳз бо хиради азалӣ, иродаи қавӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо аз марҳилаи душвори таърихӣ гузашта, имрӯз ба кишвари сулҳ, субот ва созандагӣ табдил ёфтааст.
Зикр гардид, ки фазои орому осудаи имрӯза барои амалисозии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ободонии шаҳру деҳот ва баланд гардидани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт низ бо эҳсоси баланди масъулият дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолона саҳм гузошта, барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд.
Дар идомаи ҳамоиш як қатор омӯзгорон, ҷавонони фаъол ва намояндагони касбу кори гуногун барои хизматҳои арзанда ва саҳми назаррас дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қадрдонӣ гардиданд.
Ба чорабинии идона барномаи пуршукуҳи фарҳангии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия ва санъаткорони маъруфи ҷумҳурӣ ҳусни тоза бахшида, суруду таронаҳои ватандӯстона дар васфи сулҳ, ваҳдат ва Тоҷикистони соҳибистиқлол фазои идонаро боз ҳам рангинтар гардониданд.