Хабарҳо

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии нав дар ноҳияи Рашт

ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” яке аз бузургтарин ташкилотҳои молиявии пешсафи Тоҷикистон мебошад, ки дорои шабака бо беш аз 130 намояндагӣ буда, аз соли 1999 инҷониб дар бозори маблағгузории хурд амал мекунад.

Ҳадафи асосии ташкилоти молиявӣ мусоидат ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва беҳтар намудани рушди молиявии аҳолии кишвар мебошад.

Барои тадбиқи ин ҳадаф, 18 май дар минтақаи Рашт маркази хизматрасонии маблағгузории хурди ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ” кушода шуд.

Дар маросими кушоди он:

узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олӣ, раиси ноҳияи Рашт – Муқими Раҳимҷон Набизода;

мудири шӯъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Гарм – Ниёзов Мустафо Абдуллоевич;

иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати ҶСП ТАҚХ “ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ – Акбаров Баҳодур Саидганиевич;

намояндагони дигар муассисаҳои бонкӣ ва сокинони ноҳия иштирок карданд.

Умед дорем, ки маркази нав барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия имкониятҳои нав фароҳам меорад.

ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ – Дӯсти молиявии Шумо!

https://www.imon.tj/news/iftitoi-markazi-xizmatrasonii-nav-dar-noiyai-rast