Варзиш Маориф Фарҳанг Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм дар майдони назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса таҷлил гардид.

Дар қисимати якуми чорабинӣ дар майдон намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардида, дар он ихтирооти хонандагон, ҳунарҳои дастӣ аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, оҳангари, ҳамчунин санъати чубтарошӣ, аз қабили табақу қошуқ, кафлез, мизу курсӣ, косаҳои чубини гуногун тахта тирак ва дигар анвоъи маҳсулоти чубин ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз намоиши мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,– Муқими Раҳимҷон Набизода намояндагони мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа дидан намуда ба ҳунар ва истеъдоди ҷавонон баҳои баланд доданд.

Пас аз садо додани суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми раиси ноҳия Идизода Зарина чорабиниро кушода риштаи суханро ба раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси Миллӣ, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,– Муқими Раҳимҷон Набизода доданд.

Сипас раиси ноҳия ба сухан баромада чавононро ба ин рӯзи фархунда табрик гуфта, кайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир барои муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои ҷавонон аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раиси ноҳия ба ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи раиси ноҳия Сипоснома ва тӯҳфаҳо супорида шуд.

Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуда табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.