Суханрониҳои раиси ноҳия Хабарҳо

Номаи табрикии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони азиз,

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бояд имкониятҳои имрӯзаро воқеъбинона арзёбӣ намояд ва дар заминаи ризоияту ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва таъмини амният тадриҷан пеш равад».

Воқеъан ҳам дар давраи навини таърихи миллати тоҷик Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.

Ҳамагон медонем, ки 27-уми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мардуми шарифи тоҷик  ҳар  сол  фарорасии онро бо ифтихору  шодӣ ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.

Зеро, дар ин рӯзи мубораку саид пас аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Воқеияти таърихиву ҳуқуқии тақдирсози миллати мо – Ваҳдати миллӣ дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рўи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши мондагор дорад ва аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рӯи кор овард.

Маҳз давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина амалӣ намуда истодааст.

 Дарвоқеъ, Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат дар ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилоти олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафт рӯ меорад.

Имрӯз, ки мо тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарем, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, сулҳу оштии миллиро ҳамчун гавҳараки чашми худ ҳифз намоем.

Миллати сарбаланди мо ҳамчун миллати фарҳангсолору соҳибтамаддун гӯши панду андарзшунав дорад, фармудаву гуфтаҳои қобили қабулро хуш мепазирад ва дар ҳалли муаммову мушкилот машварату маслиҳатро муҳим меҳисобад.

Лозим ба ёдоварист, ки водии Рашт дар он давра яке аз маҳалҳои ҷангзада ба шумор мерафт. Насими сулҳ оҳиста – оҳиста дар ин минтақа вазидан гирифт. Созишномае, ки аз тарафи гурӯҳҳои даргир моҳи сентябри соли 1996 дар шаҳраки Ғарм ба имзо расид, оташи низоъро дар минтақаи Рашт то замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба дараҷае хомӯш карда буд. Ин маънои онро дорад, ки сокинони ноҳия ва умуман минтақаи Рашт аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то кунун сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, ба қадри заҳмату талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат мерасиданду ҳоло ҳам мерасанд.

Ваҳдати миллӣ, ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ба рӯйи халқи тоҷик, аз ҷумла ба рӯйи халқи заҳматкашу ватандӯсти ноҳияи Рашт дарвозаҳои марҳалаи нави зиндагиро боз кард, ки онро метавон марҳалаи нави созандагию бунёдкорӣ ва шукуфоӣ номид. Расидан ба чунин мақсаду маром буд, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи мо бо суръат рушду такомул ёфт.  Баъди расидан ба ваҳдати миллӣ дар ноҳия беш аз 450 иншооти муҳими хоҷагии халқ бо дастгирии бевоситаи Президенти муҳтарамамон сохта ба истифода дода шудааст. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар ду марҳила самтҳои асосии пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳияро муайян намуда, барои ноил гардидан ба рушди устувори иқтисоди хоҷагии халқи ноҳия ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ роли меҳварӣ бозид.

Бунёди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва маҷмааи варзишии он, коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ – техникӣ, таъмиру барқарорсозии шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Ҷиргатол, бинои чорошёнаи маъмурӣ, варзишгоҳи марказӣ, биноҳои прокуратура, нозироти андоз, суғурта, Тоҷикстандарт, ҳифзи табиат, шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси бойторӣ, таъмиру барқарорсозии қасри фарҳанги ноҳия, пули мошингузари байни деҳаҳои Мулло-Барот ва Ҳиҷборак, ки орзуи садсолаи мардуми ин деҳот буд ва садҳо иншооти дигар аз дастовардҳои навини мардуми ноҳияанд.

Таҷлили ҷашни Ваҳдати миллие, ки солҳои 2006 бо иштироки Пешвои миллат дар шаҳраки Ғарм бо шукӯҳу шаҳомоти хос баргузор гардид, таҷассумгари воқеии самимияти поку беолоиши мардуми ноҳияи Рашт ба Роҳбари давлат ва муҳаббати беандозаи Пешвои муаззами миллат ба сокинони ин ноҳия буд. Кулли мардуми ҷумҳурӣ ва сокинони сайёра бори дигар дарк карданд, ки сокинони ин ноҳия Пешвои худро чӣ қадар дӯст медоранду аз сиёсати ӯ дастгирӣ мекунанд ва Пешвои миллат низ то андозаи беҳудуд ба сокинони ин минтақа таваҷҷуҳу муҳаббати самимӣ дорад.

Соли сипаришуда таҷлили ҷашни ваҳдати миллӣ дар ноҳияи мо шаҳомати дигар дошт. Қудуми мубораки Пешвои муаззами миллат файзу баракати хос бо худ овард. Даҳҳо иншооти муҳими хоҷагии халқ дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла иштироки Пешвои миллат дар ифтитоҳи бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт, ифтитоҳи қисмати дуюми роҳи мошингарди байни шаҳракҳои Навобод ва Ғарм, боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Набот»-и ноҳия, ба истифода додани маркази хизматрасонии «Субҳи Рашт» ва супоридани туҳфаҳо ба кӯдакони ятим аз оилаҳои камбизоат, гузоштани санги асоси маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ифтитоҳи бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, ифтитоҳи маркази ташхисию табобатии «Сияриён» ва ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои хотирмоне буданд, ки ҳеҷ аз ёди мардуми ноҳия зудуда нахоҳанд шуд.

16 ноябри соли сипаришуда дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 иншооти таъиноти гуногун дар як вақт ифтитоҳ ёфт.

Ҳамин тариқ, дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ даҳҳо иншооти дигаре, ки ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардида буданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ин тадбирҳо бунёди 374 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин  беш аз 180 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд  ва дар боқимондаи иншоотҳо корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад.

Гуфта мешавад, ки дар арафаи таҷлили ин Ҷашни бузургу баҳамоӣ – Ваҳдати миллӣ имсол боз 20 иншооти дигар, аз ҷумла 4 бинои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии № 26-и деҳаи Ялдамич, № 67-и деҳаи Навдонак, № 20-и деҳаи Нимичак ва № 16-и деҳаи Чашмаи Қозӣ ба истифода дода мешавад.

Соҳаи кишоварзӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо суръат рушд дорад. Танҳо масоҳати кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 3047 гектар мерасад, ки дар қиёси даҳ соли қабл се маротиб афзудааст. Шуҳрати боғдории мардуми ноҳия эҳё гардида истодааст. Дар доираи «Барномаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар майдони беш аз 350 гектар боғи нав бунёд гардид. Соли сипаришуда 73 гектар, имсол 71 гектар боғи мевадиҳанда бунёд ёфт ва 80 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд…                                       Ҳамдиёрони азиз!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 июни соли сипаришуда  дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт иброз доштанд, ки «Мо ҳанӯз дар пеш масъалаву мушкилоти зиёд дорем, ки барои ҳаллу фасли онҳо ва ба қатори кишварҳои пешрафтаи дунё баровардани Тоҷикистони азизамон бояд аҳлонаву сарҷамъона заҳмат кашем.

Шубҳае нест, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматпешаи ноҳияи Рашт дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба шукронаи фазои орому осудаи кишварамон барои боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созандаву ободгарона саъю талош хоҳанд кард».

 Боварии комил дорам, ки сокинони ноҳия ҳама чун як тан барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол кӯшиш ба харҷ медиҳанду дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони ободу гулгулшукуфон боз ҳам саҳми арзанда мегузоранд.

Рӯзи ваҳдату баҳамоии миллат бори дигар муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *