Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

МИНТАҚАИ  РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ  ДАР РӮЗИ АВВАЛ 

         Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалаи Сомониёни шаҳраки Ғарм таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.

     Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд, ки дар натиҷа ноҳияҳои  100 фоиз нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро намуданд.

    Дар маърака раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои нек наваскаронро гусел намуданд.

      Идизода Зарина  Фузайлшо,  раиси ноҳияи Раштномаи шодбошии худро ба ин муносибат ироа карда, зикр намуд, ки моро зарур аст доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва нагузорем авзои манфии зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон ба давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, хавфу хатар эҷод намояд.

  Барои истодагарӣ намудан ба ин хавфу хатарҳо ва таъмини суботу амнияти кишвар ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби кишвар барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад.

           Дар ҳамоиши мазкур ба 153 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа» – ро    хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.

     Хушбахтона, дар ин маъракаи ватандӯстона зиёда аз 40 нафар хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт бо масъулияти баланди инсонӣ барои намунаи ибрат гардидан фарзандони худро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд.

     Дар анҷоми чорабинӣ сарбозони қисми ҳарбӣ машқҳои ҳарбии худро ба намоиш гузошта, дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳияи Рашт барномаи ҷолиби консертиро манзури ҳозирин кард.