Дар таърихи 29 январи соли 2021 дар тарабхонаи «Руҳафзо»-и шаҳраки Ғарм «Озмуни дастархонороӣ» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2020 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки кадбонувони ҳунарманд аз ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо ҷалби васеи мардум дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ баргузор карда шуд.
Аз ҷумла дар «Озмуни дастархонороӣ» кадбонувон аз беморхонаи марказии нохия, Ҷамоатҳои деҳоти Аскалон, Ҳиҷборак, Ҷафр, Қалъанак, Навдӣ, Қалъаи Сурх, Нусратулло Махсум, Боқӣ Раҳимзода, Тагоба, шаҳракҳои Ғарму Навобод, фаъолона иштирок намуданд.
Дар «Озмуни дастархонороӣ» кадбонувон тибқи шартҳои Низомнома, бо истифодаи моҳирона (ҳунармандона) оростани дастархон; зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда, мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда ва ба замона мутобиқ кардани дастархони оросташуда, иштирок намуданд.
Ҳайати комиссия аз руи шартҳои мазкур баҳогузорӣ намуданд, ки дар натиҷа бахши Фарҳанги ноҳия бо гирифтани 165 хол соҳиби ҷойи якум ва роҳхат ба даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ гардид.
Беморхонаи марказии ноҳия бошад бо гирифтани 129 хол соҳиби ҷойи дуюм, Шуъбаи маорифи ноҳия бо гирифтани 125 ва Ҷамоати деҳоти Қалъанак бо гирифтани 119 хол ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ба ғолибони озмун аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.