Ваҳдат чароғи бахти миллат гаштааст,
Дар қалби ҳар тоҷик муҳаббат коштааст.
То ҳаст ин ваҳдат, Ватан обод бод,
Тоҷикистон ҷовидону шод бод!
Дамидани субҳи мурод ба кишвари соҳибистқлоли мо аз ибтидо рӯ ба беҳбуди наовард, балки нотайёрӣ, нобаладӣ, нодида гирифтани ҳаводис, набудани шахсияти варзидаи давлатдор ва аз ҳама муҳим мавҷудияти тафаккури дастнигар ҷомеаро ба тарафҳои даргир кашонд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Роҳи мо ба чунин низом аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози наҷоти миллати мо аз вартаи парокандагӣ ва гузоштани аввалин хишти бинои сулҳ дар сарзамини куҳанбунёди тоҷикон буд ибтидо мегирад” воқеъбинонаву дурандешона ва ҳадафгирона мебошад.
Воқеан Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарор доштаи тоҷик аз вартаи нестӣ, раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат нақши муассиро дорост.
Ин саннаи муқаддаси таърихӣ барои сокинони кишвари мо оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ, умед бахшидан ба ояндаи дурахшон ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоишта буда, ҳамчун наҷотбахши миллат дар таърихи навини давлатдориамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор нигоҳ доштан мумкин аст. Ин арзишҳоро ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт намояд.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишу талошҳои мардуми заҳматқарини кишвар ҳоло аз харобиҳои он замон осоре намондааст, вале захмҳои ҷанг дар дилҳо пурра шифо наёфтаанд, ин албатта як навъ ҳушдорест, ки дар олам беҳтар аз сулҳу ваҳдат ва озодию истиқлол неъмате нест, бояд ба қадрашон расему ҷиҳати таҳкимашон пайваста кушиш намоем.
Дар баробари ободонию пешрафти диёр ба авзои мураккаби ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, ба қадри заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд бирасем. Ба хотири пойдориву устувории ваҳдати миллӣ, таблиғи афкори хирадмандонаву башардӯстонаи ниёгонамон омӯзиши таърихи гузашта ва муосир, бахусус тарғиби руйдодҳои азими даврони соҳибистиқлолии кишварро дар миёни аҳолӣ бояд ба роҳ монд.
Ҳоло, ки мо ба истиқболи шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мебинем, барои амалигардонии ин арзиши муҳими миллиамон зарур аст, ки ҳар як зиёӣ, корманди масъули мақомоти давлатӣ ва ҳар як сокини ноҳия аз хурд то бузург бояд чунин рафтор намояд, ки рафтори шахсии онҳо намуна ва ибрати кирдори дигарон гардад.
Ин андешаи миллии мо кайҳост, ки ба оламу оламиён маъруфият пайдо карда, ба арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфта истодааст. Дар ин замина таҷрибаи сулҳофарии тоҷиконро ҷаҳониён меомӯзанд, сабақ мегиранд ва дар ҳалли мушкилоташон истифода мебаранд.
Хушбахтона, ваҳдату ягонагие, ки имрӯз дар ноҳияамон ва тамоми кишвар ҳосил гаштааст, моро ба қуллаҳои мурод мерасонад. Мардуми ноҳияи Рашт аз ҳама заруртар онро мешуморанд, ки ба қадри сулҳу ваҳдат ва созгории миллӣ бирасанду онро чун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ кунанд.
Имрӯз бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ тамоми талошҳои Роњбари муаззами кишвар дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлол ба ҳамин матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфт, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти самараноки Пешвои миллатамон қарор дошт.
Роҳи босуботи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем воқеан далели барҷастаи Стратегияи сулҳофарии Пешвои маҳбуби миллат маҳсуб мешавад.
Сарсабзу гулфишон шуд то навбаҳори ваҳдат,
Овозаи ҷаҳон шуд номи диёри ваҳдат.
Озодӣ-аз муҳаббат, ободӣ-аз садоқат.
Авҷу барори мо шуд авҷу барори ваҳдат,
Саф-саф ба сӯйи фардо мардона по мегузоранд.
Рашту Хуҷанду Кӯлоб,Вахшу Ҳисори ваҳдат.
Ин хоки бостонӣ шуд арсаи ҷаҳонӣ,
Аз ифтихори ваҳдат, аз эътибори ваҳдат.
То шеъри Рӯдакӣ ҳаст наврӯзии дили мо,
Чашми хазон наафтад бар навбаҳори ваҳдат.
Бо ҳама орзу ва таманоҳои нек кулли сокинони шарафманди ноҳияро ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, хонаободӣ ва рӯзгори хушу гувороро хоҳонам.
Сарбаланду саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!

