Дар маркази ноҳия –шаҳраки Ғарм аксияи тозагӣ баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки Рашт ноҳияи марказии водӣ буда, бо манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосояш дар меҳвари таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру сайёҳат қарор дорад. Ҳамарӯза дар ин диёр, махсусан дар шаҳраки Ғарм меҳмонони зиёде рафтуо мекунанд.
Аз ин хотир, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гӯшаи он, бахусус шароити мусоиди истироҳат муҳайё кардан барои меҳмонону бошандагони маҳаллӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахусус раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад.
Ёдовар мешавем, ташаббусҳои мавриди назар аз роҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар ноҳияи Рашт вобаста ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бобати тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, бунёди иншоотҳои ҳозиразамон, шароити мусоид фароҳам овардан дар меҳмонхонаю ошхонаҳо ва сарсабзу хуррам гардонии ҳар гӯшаи он пайваста чунин аксияву шанбегиҳо ва нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Дар ноҳияи Рашт рӯзи 22 августи соли 2024 бо иштироки беш аз 600 нафар омӯзгорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, собиқ мудирони шуъбаи маориф, омӯзгорони собиқадор, кормандони муассисаҳои томактабӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳракию деҳотӣ, мудирони бахш ва шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси машваратӣ августии кормандони соҳаи маорифи гузаронида шуд. Дар кори машварат Раиси ноҳияи Рашт, […]
16 апрели соли равон бо ҷалби зиёда аз 700 нафар, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сохторҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Рашт барои сабзу хуррам гардонидани ватани азизамон дар канори роҳҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм ҳашари ниҳолширонӣ доир карда шуда зиёда аз 1000 бех ниҳоли ороишии Арча шинонида шуд. Хотиррасон менамоем, ки дар доираи раҳнамоиҳои доимии Асосгузори […]