Санаи 01.02.2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯри иҷрокунандаи раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо бо ходимони дин баргузор гардид.
Нахустин иҷрокунандаи раиси ноҳия бо ходимони дин вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии аз бар намудани либоси миллӣ ба фарҳанги бегона, ҷалби саривақти ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, корҳои ободонию созандагӣ ва тозагии муҳити зист дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.