Санаи 21-23 марти соли равон зилзилае, ки Тоҷикистон ва дигар мамолики ҳамҷаворро такон дод, дар ҷамоатҳои деҳоти Тагоба, ва Боқӣ Раҳимзода,Оби меҳнат хисорот боқӣ гузошт.
Хушбахтона, ин заминларза хисороти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале манзилҳои истиқоматӣ ва биноҳои нигоҳдории чорво ва ғайра осеб диданд.
Имрӯзҳо бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои зилзилаи мазкур дар ноҳияи Рашт тибқи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи сокинони рустоҳои зарардида аз офати табиӣ кумакҳои яквақтаина расонида шуд.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар партави сиёсати ваҳдатбунёди Пешвои муаззами миллат дар лаҳзаҳои душвор мардуми мо ҳамеша дар паҳлӯи ҳам қарор мегиранд ва даст ба дасти ҳам дода, барои рафъи он камар мебанданд.