Дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, маросими гусели ҷавонони минтақаи Рашт ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар рӯзи аввали маъракаи даъват ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи сафарбаркунии ҷавононро 100 фоиз иҷро намуданд. Даъватшавандагон бо пешниҳоди ихтиёрии худ ба қисми ҳарбӣ ҳозир шуда, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд.
Дар маросим роҳбарони ноҳияҳои минтақа, намояндагони Вазорати мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони наваскарон, собиқадорон ва фаъолони ҷомеа иштирок доштанд.
Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар шароити тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар аҳамияти хос дорад.
Ба гуфтаи ӯ, хизмати ҳарбӣ яке аз муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандӣ буда, ҷавонон дар давраи хизмат бояд донишу малакаи зарурӣ касб намуда, барои ҳимояи давлат ва ҷомеа омодагии касбӣ пайдо намоянд.
Яке аз бахшҳои муҳими чорабинӣ супоридани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба 153 нафар ҷавонон буд. Онҳо курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро хатм карда, бо хоҳиши худ барои адои хизмати ҳарбӣ ариза пешниҳод намудаанд.
Дар баробари ин, зиёда аз 40 нафар хизматчии давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд. Иштироки онҳо дар ин маърака мавқеи шахсии масъулинро нисбат ба иҷрои уҳдадории шаҳрвандӣ нишон медиҳад.
Дар фарҷом дастаи ҳаваскорони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Рашт барномаи консертӣ пешкаш намуд.

