24 августи соли 2026 дар ноҳияи Рашт мулоқоти раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Мулоқот дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Зимни мулоқот раванди корҳои ободонию созандагӣ, иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ, омодагӣ ба баргузории чорабиниҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таҷлили ин санаи муҳими миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод таъкид намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масъулини ноҳия бояд корҳои ободонию созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, иҷрои босифату саривақтии нақшаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.
Ҳамзамон, ба тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа дар корҳои созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия бо маром идома доранд.
Дар фарҷоми мулоқот ба масъулини соҳаҳои дахлдор ва фаъолони ноҳия ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, таҳкими корҳои тарғиботию идеологӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як сокини ноҳия бояд дар ободии диёр ва таҷлили шоистаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

