Варзиш Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мусобиқаи варзишии “Ҷоми ҷаҳон оид ба Карате-до шотокан” дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  аз  14  то 15 декабри солӣ ҷорӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқа 714 варзишгар аз 14 мамлакати дунё, аз ҷумла аз дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 нафар иштирок дошта, бо ҳарифони худ қувваозмоӣ карданд.

Боиси хушнудист, ки 2 нафар варзишгари ноҳияи Рашт Искандаршо Шарифов ва Муҳаммадсобири Муҳаммадсодиқ дар мусобиқаи зикрёфта ширкат варзида, дар даврҳои мухталифи он маҷмуъан сазовори 2 ҷойи аввал ва 1 ҷойи сеюм гардиданд.

Вақти ба ноҳия баргаштан варзишгарони мазкурро масъулин дар даромадгоҳи ноҳия истиқболи сазовор гирифта, раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода онҳоро бо туҳфаҳои хотиравию ифтихорномаҳо сазовор гардонд.