Ба истиқболи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша–чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт таҳия гардида, чорабиниҳои сиёсӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ва намоиши дастовардҳои хоҷагии халқи ҳар як ҷамоат ҳунарҳои мардумӣ ва роҳпаймоии аҳли ҷамоатчигӣ доир гардида истодаанд. “Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои мазкур фаъолони касбу кори гуногун, ғолибони даври ноҳиявӣ ва минтақавии иштирокчиёни озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Илм Фурӯғи маърифат», «Точикистон –Ватани азизи ман» ва волидайни онҳо аз тарафи раиси ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд. Чунин чорабиниҳо алҳол дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Ҷамоати шаҳраки Навобод баргузор карда шуданд.
Сабтҳои охирин
Оғози кишти картошка дар ноҳияи Рашт.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди зиёд намудани майдонҳои кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мавсими кишт бо суръат идома дорад. Имрӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак дар мавзеи Ярхаби Чуқурак деҳқонон ба кишти картошка оғоз намуданд. Бо супориши Раиси ноҳияи Рашт […]
БОЗДИД АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ
Имрӯз намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ба нақша гирифташуда ҷиҳати истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дидан карданд. Ёдовар мешавем, ки ба истиқболи ин […]
ОЗМУНИ “СУРУДИ САРБОЗ” БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт озмуни “суруди сарбоз” баргузр гардида, даври ҷамъбастии он дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт доир гашт. Дар чорабинӣ, намояндаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии […]

