Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳияҳои минтақаи Рашт озмуни “суруди сарбоз” баргузр гардида, даври ҷамъбастии он дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт доир гашт. Дар чорабинӣ, намояндаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командирони қисмҳои низомӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва донишҷӯён иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии ҷавонон буда, хеле ҷолибу муассир аз ҷониби иштирокдорон пазируфта шуд.
Сабтҳои охирин
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Рашту Нуробод ва Сангвор мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз намоиши дастовардҳои корхонаҳои саноати , кишоварзи ва ҳунарҳои мардумии ноҳияи Рашт, дидан карданд. Дар ин намоиш асосан маҳсулотҳои кишоварзи, аз қабили картошка, сабзи карам, ва инчунин маҳсулоти корхонаи ордбарорию ангишти кони Камароб ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар ин мулоқот раисони ноҳияҳои […]
РОҲИ ОБОД ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ РУШДИ ДЕҲОТ
Дар деҳаи Гулхани Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт, роҳи дохилии деҳа ба масофаи 5 километр бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Аҳмадзодаҳо пурра асфалтпӯш карда шуд. Амалӣ гардидани ин иқдоми созанда барои беҳтар намудани шароити рафтуомади […]
МАЪЮБОН ДАСГИРӢ МЕЁБАНД
Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз анъанаҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад. Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру супоришҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст. Дар доираи ҳамин тадбирҳо 3 декабри соли равон […]


