Бо дастури раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо, ташаббуси роҳбарияти Беморхонаи марказӣ, Шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар ноҳияи Рашт ва тибқи нақшаи чорабиниҳои маркази саломатии ноҳия бо мақсади расонидани хизматрасонии ройгони тиббӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиббӣ, корвони саломатӣ таъсис ёфт.
Дар доираи фаъолияти “Корвони саломатӣ” шурӯъ аз 12 апрели соли 2024 сокинони деҳоти дурдасти ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт бо ташхису машварат ва маслиҳати ройгони тиббӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
Дар санаи 12 апрел соли равон дар Ҷамоати шаҳраки Ғарм ва 27 апрели соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Тагоба ноҳияи Рашт корвони саломати, аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи тиббӣ, ташриф оварда ба сокинони ноҳия хизматрасонии ройгони тиббӣ расонида шуд.
“Корвони саломатӣ” тибқи нақша то 10 июли соли равон идома ёфта, дар доираи он ҳазорон нафар шаҳрвандон, аз ҷумла маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркарда шуда, ба ташхис ва машварату маслиҳати ройгон фаро гирифта хоҳанд шуд .