Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳоит ноҳияи Рашт

             Санаи 7 июни соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит ноҳияи Рашт корҳои фаҳмондадиҳӣ дар  байни ҷавонон, духтарон, инчунин  падарону  модарон ва масъулини ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясман бо иштироки  Исмоилзода Боғигул намояндаи  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солеҳов  Ҷамшед  корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилзода Малика  намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳусейнов  Сулаймон  намояндаи Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  гузаронида шуд.

Дар аввал суханро намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон оғоз намуда, оиди масъалаҳои пешгирӣ аз ҷалби ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ суханронӣ  карда намуданд. Пас аз суханронии Комилзода Малика, Исмоилзода  Боғигул намояндаи  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат карда, сараввал вобаста ба таҳлили маҷмӯии вазъи воқеии мушкилоти ҷойдоштаи иҷтимоӣ, қолабҳои шахшудаи хурофотӣ, сабабу омилҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, ҷалби духтарон  ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла  дар мактабҳои Олӣ, ҷалби ҷавондухтарон барои ҳуҷҷат супоридан ба Маркази миллии тестӣ гуфта гузаштанд ва дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи волидон ва ҷавондухтарону ҷавонписарон суолу ҷавоб сурат гирифт. Вохурӣ дар сатҳи хуб баргузор гардид.