Санаи 8 июни соли 2023 дар Колеҷи тиббии ноҳияи Рашт корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, духтарон, инчунин омӯзгорон ва масъулини колеҷи тибби бо иштироки Мамадали Сабоҳат мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комилзода Малика намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саҷоди Муҳаммадшарифзода мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъказҳои исломии Маркази исломшиносӣ гузаронида шуд.
Дар аввал суханро Саҷоди Муҳаммадшарифзода мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъказҳои исломии Маркази исломшиносӣ оғоз намуда, оиди масъалаҳои пешгирӣ аз ҷалби ҷавонписарон ва ҷавондухтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ суханронӣ карда намуданд. Пас аз суханронии Саҷоди Муҳаммадшарифзода, Мамадали Сабоҳат мудири шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат карда, сараввал вобаста ба таҳлили маҷмӯии вазъи воқеии мушкилоти ҷойдоштаи иҷтимоӣ, қолабҳои шахшудаи хурофотӣ, сабабу омилҳои аз таҳсил дур мондани духтарон, ҷалби духтарон ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот, аз ҷумла дар мактабҳои Олӣ, ҷалби ҷавондухтарон барои ҳуҷҷат супоридан ба Маркази миллии тестӣ гуфта гузаштанд ва дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи ҷавондухтарону ҷавонписарон суолу ҷавоб сурат гирифт. Вохурӣ дар сатҳи хуб баргузор гардид.