Ба муносибати иди саиди Фитр, ин оини мубораки динию эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияро самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори бо-саодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили маъюбону ятимонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.
Дар арафаи ид анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати неке мебошад, ки мардуми мо ба он эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Бояд қайд намоям, ки дар моҳи шарифи Рамазон мусалмонон фаризаҳои дини мубини исломро риоя намуда, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, некиву накукорӣ даст зада, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолонро ба ҷо меоваранд.
Мо фаризаҳои ин моҳи муборакро имсол дар айёме анҷом додем, ки корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ, яъне 35–солагии Истиқлоли давлатӣ идома доранд.
Бо таъкиди Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолу озодӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар ва сокинони ноҳия мояи ифтихору саодат ба шумор рафта, чароғи зиёбахши роҳи имрӯзу ояндаи мардуми тоҷик гардидааст.
Аз нигоҳи дини мубини ислом муҳаббат ба халқу Ватан аз гӯшаи имон аст ва ҳифз кардану обод намудани он қарзи муқаддас ва вазифаи имонӣ ба шумор меравад.
Ҳоло, ки фасли баҳор фаро расидааст мо набояд ба умеди дигарон бошем ва тамоми саъю талошамонро ба он равона созем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ ба танқисиву муҳтоҷӣ дучор нагарданд.
Махсусан, кишоварзони заҳматқарини мо рӯзҳои баҳориро бояд самаранок истифода баранд, кишти зироатҳо, хусусан кишти картошкаро сари вақт ба анҷом расонанд ва барои рӯёнидани ҳосили фаровон заминаи устувор гузоранд.
Хусусан, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷоравӣ барои таъмин намудани ҳар як оила, фаровонии бозор ва муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот ниҳоят зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Мо набояд ба зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофкорӣ, махсусан исрофи маҳсулоти нонӣ ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ роҳ диҳем. Сарфаю сариштакориро пеша намоем.
Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ зарур аст, ки имкониятҳои молиявии оилаҳо барои донишомӯзии фарзандон, ки ояндаи мову шумо мебошанд, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагии аҳли хонадон, ободии манзил ва маҳали зист равона карда шаванд.
Инчунин, бояд хотирнишон намоям, ки ҳамаи мо вазифадорем, ки баробари иҷрои воҷиботи динӣ, ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саъю талош намоем.
Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон эътибори аввалиндараҷа ва ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро наврасону ҷавонон бояд хонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро вазифаи ҳар яки мову Шумо ва аҳли ҷомеа мебошад.
Таҷлили мазмун ва муҳтавои Паёми навини Пешвои муаззами миллат ва суханронии ӯ бахшида ба Рӯзи Модар гувоҳи он буд, ки маҷмуи масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне ташаббуси барномаҳои мушаххас барои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Ҳамватанони мо хуб мушоҳида намудаанд, ки имрӯзҳо вазъи ҷаҳон печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз мурракаб гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон ҳамеша шукрона кунем, ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем.
Садақаи фитре, ки ҷамъ оварда мешавад ба оилаҳои бепарастор, маъюбон, ятимони кул, нимятимон ва оилаҳои камбизоат бояд дастрас карда шавад.
Итминон дорам, ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар бадалаш зиндагии осоишта насиби мо гаштааст, ба мақсадҳои созандаи худ мерасем.
Дар интиҳо бори дигар иди саиди Фитрро ба Шумо ва ба мардуми шарифи ноҳия табрик гуфта, саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама оромиву осоиш орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хушбахт бошед, ҳамдиёрони азиз!



