Рӯзи 01 феврали соли 2025 нишасти матбуотӣ бо раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо доир гардид.
Дар нишасти мазкур Раиси ноҳияи Рашт мухтасар оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2024 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ манзур намуда, аз ҷумла афзуд, ки соли сипаришуда барои аҳли заҳмати ноҳия пур аз файзу дастовард буд.
Аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2024 ба ноҳияи Рашт мардуми ноҳия илҳоми тоза гирифта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ аз шумораи 307 иншооти дар нақша буда, 213 тои он сохта мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 69 фоизи иҷроишро ташкил медиҳад.
Ташкили муассисаҳои томактабӣ яке аз масъалаҳои зикршуда дар паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки дар асоси ин нишондод сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳоит ва Ясман айни ҳол идома доранд. Тибқи нақша дар 10 ҷамоатҳои деҳотии ноҳия соли равон чунин муассисаҳо сохта ба истифода дода мешаванд.
Дар ҷараёни нишаст хабарнигорони нашрияҳои марказӣ ва минтақавӣ бо саволҳои додаи худ дар обёрии заминҳо, шусташавии роҳҳо, канализатсияи хонаҳои баландошёна, иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Субҳи донои китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон -Ватани азизи ман”, нархи гарони хизматрасонии тиббӣ ба шаҳрвандон, аз ваксинатсия гузаронидани чорвое, ки берун аз ноҳияи ворид мешаванд, рафти зимистонгузарони аҳолӣ ва дигар масоили доғи рӯз аз ҷониби раиси ноҳия ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.