Санаи 10.08.2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо гузаронида шуд.
Қайд намудан лозим аст, ки дар рӯзи баргузории қабули шаҳрвандон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд.
Дар рафти қабул аз тарафи раиси ноҳия Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба як қатор кудакони имконияташон маҳдуд аробачаҳои маъюби тақдим карда шуда.
Аз тарафи раиси ноҳия ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бо сифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилиҳои муроҷиаткунадагон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.