Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Баргузории чорабинии идона дар Қисми низомии 02011Д,  воқеъ дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иҷрокунандаи  вазифаи  раиси  ноҳияи Рашт  баргузор гардид.

Аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо  ба 400  нафар афсарону сарбозони   қисмҳои  низомии  ҳудуди    ноҳия    туҳфаҳои   хотирмон тақдим    карда шуда, дастархони идона барои сарбозон ороста шуд.

 

Пас аз анҷоми маросим дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини театркунонидашударо манзури ҳозирин гардонданд.