Санаи 13-уми феврали соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо оид ба дастовардҳо ва нақшаҳои оянда ба таври мухтасар ҳисобот доданд.
Аз ҷумла, зимни баромади худ Идизода Зарина Фузайлшо қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ сокинони мамлакатамон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон саъйу талош намуда, ба дастовардҳои шоиста ва назаррас ноил гардиданд. Инчунин, дар рафти баргузории нишасти матбуотӣ ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва нақшаҳо барои солҳои минбаъда пурра посух доданд.