Рӯзҳои 26-27-уми августи соли равон дар ноҳияи Рашт Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ҷудо байни ҷавонон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Президенти федератсияи гуштини Ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исмоили Маҳмадзоир, муовини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Парвиз, муовини Раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр Сайалӣ ва раиси федератсияи гуштини Ҷудо дар минтақаи Рашт Шарафҷон Бобоҷонов ва иштирок намуданд.