Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар таҳкими сулҳу оромӣ,  соботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ

Санаи 26 апрели соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мизи мудаввар бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷкобод, Нуробод, Сангвор ва шаҳри Роғун баргузор гардид.
Дар он Азиззода Шуҳрат Насрулло мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Саидов Нуралӣ Шамсович Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Муқими Раҳимҷон Набизода раиси Шурои ҷамъиятии ноҳияи Рашт, Исмоилзода Зиннатулло раиси иттифоқи журналстони Тоҷикистон, Раисон ва муовинони Шурои ҷамъиятии ноҳияҳои минтақави Рашт ва шаҳри Роғун иштирок намуданд.
Мизи мудавварро мушовири Башхи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Азиззода Шуҳрат Насрулло дар баромади хеш афзуд, ки миллати тоҷик хизматҳои барҷастаи Президенти кишварро дар барқарор намудани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, худшиносии тоҷикон, фаъол кардани тамоми рукнҳои давлатдорӣ, бо роҳ мондани ҳамкориҳо бо давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистонро қадр менамояд. Сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати миллиро пеш гирифтаанд, ки соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, сохтмони иншооти бузурги ҳаётан муҳим, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, инкишофи маориф ва илму фарҳанг басо назаррас аст.
Баъдан суханрони раиси Шурои ҷамъиятӣ дар ноҳияи Рашт муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода. ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ дар баробари се шохаи ҳокимияти давлатӣ, ҳамчун созмони ҷамъиятӣ баҳри пешрафт ва тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, хусусан минтақаи Рашт нақши амиқу барҷаста дорад ва дар саргаҳи Шуро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, раиси Шурои ҷамъятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.
Мо имрӯз аз он қаноатмандем, ки Шурои мазкур мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ», ҷоннок намудани доираи фаъолияти шуроҳҳои ҷамъиятии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғунро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Арзёбии нақши Пешвои муаззами миллат дар барқарор сохтани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ қобили ситоиш буда, нодиртарин дастовард барои миллати тоҷик мебошад.
Бовар дорем, ки вобаста ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коршиносони масоили сиёсӣ ва иштирокчиёни мизи мудаввари имрӯза андешаҳои худро возеҳу равшан баён месозанд.
Сипас, Котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуралӣ Шамсович ҷаласаро пеш бурда, қайд намуд, ки ҷоннок намудани фаъолияти Шуроҳҳои ҷамъиятии минтақаи Рашт ба ин раванд эҳтиёҷ доранд. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ фаъолияти назарраси Шуроҳҳои ҷамъиятӣ бояд пурра эҳсос гардад..
Аъзои Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси итифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зиннатулло зимни баромади хеш иброз намуд, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои ба сари қудрат омадан на танҳо кишвари соҳибистиқлоли моро моҳирона идора кард ва аз буҳрони иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангӣ наҷот дод, балки бо роҳбарони бузурги дунё озодона мубодилаи афкор намуда, манфиатҳои халқу Ватани азизамонро ҳимоя намуд ва ташаббусҳои созандаи ӯ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Инчунин, доир ба масъалаҳои рӯзнома раисон ва муовинони раисони Шурои ҷамъиятии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод ва Сангвор баромад намуда, фикру андешаҳои худро баён намуданд.
Хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон буд, ки садпорагиҳои ҷомеаи моро бо ҳам ошно сохт.
Аз ин рӯ, мактаби сиёсии Президенти муҳтарами кишварро мо дар айни давлатсозӣ ва маърифати давлатдорӣ қарор додаем ва ин масъала дар шинохти ҷомеаи шаҳрвандии кишвар саҳми назаррасеро молик мебошад.