Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

   Мавсими кишти картошка (дар ноҳияи Рашт) бо суръат давом дорад

          Имрӯзҳо, сокинон ва кишоварзони сарбаланди ноҳияи Рашт, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба самаранок истифодабарии замин, бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакатро сармашқи кори худ намуда, аз бодуи ҳавои мусоид истифода намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт кишти картошкаро бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва техникаи кишоварзӣ ба роҳ мондаанд. Айни замон, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кишти картошка бо маром рафта истодааст.

       Зиёд гардонидании истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ яке аз масоили мубрам буда, дар ин самт роҳбарияти кишвар ва ҳам вилоят ба таври ҳамешагӣ ҷиҳати самаранок истифодабарии обу заминҳои корам, ҷории технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафтаро ба таври доимӣ ба масъулини соҳаву кишоварзон талқин менамоянд.

Дар ин раванд сол аз сол ба рушди соҳаи мухталиф, аз ҷумла кишоварзӣ, бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати  заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ ва тухмиҳои аълосифат.

Ҳамчунин Раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода зимни баромадҳои хеш дар Ҷамоатҳои шаҳракиу деҳоти ноҳия оид ба афзун намудани замини кишти картошка, ки яке аз зироатҳои асосӣ маҳсуб меёбад дастуру супоришҳо медиҳад.