Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонону донишҷӯён ва хонандагон иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо парчамҳои давлатӣ, шиору овезаҳои ватандӯстона ва рӯҳияи баланди идона аз масири муайяншуда гузашта, ба 35 соли соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои назарраси даврони истиқлол арҷ гузоштанд.
Роҳпаймоии идона дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ баргузор гардида, таҷассумгари эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан буд.
Иштирокчиён бо ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҷонибдории худро аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.


