Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ОБОДКОРИҲОИ НАВ  ҚАДАМҲОИ МУҲИМ БА СӮЙИ РУШД

Дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифта, як қатор иқдомҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд.
Бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Амирбек майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд гардидааст.
Дар идомаи корҳои ободонӣ дар деҳаи Шулонак бо ташаббус ва саҳми соҳибкорони ватандӯст 8 километр роҳи мошингард баъди анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ ва барқарорсозии қитъаҳои харобгардида пурра асфалтпӯш карда шуд.
Таҷдиду навсозии роҳи мазкур барои беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ, осон шудани рафтуомади сокинон, таъмини ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои рушди иҷтимоиву иқтисодии маҳал мусоидат менамояд.
Бунёду навсозии чунин иншооти муҳим ва татбиқи иқдомҳои созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх далели равшани вусъат гирифтани корҳои ободонӣ дар ноҳияи Рашт мебошад.
Истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо чунин корҳои созандагӣ таҷассумгари азму иродаи сокинон барои ободии Ватан ва саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ мебошад.
Идомаи корҳои бунёдкориву ободонӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодии маҳал ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои зиндагии шоиста заминаи устувор мегузорад.