Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ФАБРИКАИ НАВ  ҚАДАМ БА СӮЙИ РУШДИ САНОАТ

Дар деҳаи Ярхаби ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ фабрикаи мурғпарварӣ бунёд гардида, ба фаъолият оғоз намуд.
Иқтидори корхона дар марҳилаи аввал 10 ҳазор сар мурғ буда, истеҳсолот дар оянда марҳила ба марҳила афзоиш дода мешавад. Фабрика ба истеҳсоли тухми хушсифат равона гардида, барои таъсиси даҳҳо ҷойи нави корӣ замина фароҳам меорад.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ туҳфаи арзандаи соҳибкорони маҳаллӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлол буда, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ, соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.