Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии давраи навин дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Чуноне, дар арафаи таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногун ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
Хабарҳо
Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рашт бахшида ба 26-умин солгарди Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ бо иштироки раиси ноҳяи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба истифода дода шуданд. Иншооти баистифодадодашуда асосан аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону аҳолӣ бунёд шудааст. Сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва китобхона дар деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт […]
Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
30.10.2020 14:25, шаҳри Душанбе 30 октябри соли 2020 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти расмӣ баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки рӯзи 11 октябри соли 2020 ба тариқи интихоботи умумихалқӣ номзад аз Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам […]
ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРАКАТ МЕОРАНД
Сокинони ноҳияи Рашт бо садоқату муҳаббати беназир ба Ватани худ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, барои шукуфоии ин гӯшаи биҳиштосои кишвари азизамон дастҷамъона саъю талош доранд. Тоҷикистон ва иштироки муташаккилонаи мардум дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки […]
ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90,92 дарсади овозҳоро ба даст оварданд!
Октябрь 12, 2020 10:20 ДУШАНБЕ, 12.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки 11 октябр доир гардид, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихоботи президентӣ номзад пешбарӣ кардаанд, мушоҳидони байналмилалию дохилӣ ва доираи васеи хабарнигорон эълон дошт. Ба иттилои Бахтиёр Худоёрзода, […]
Иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
11.10.2020 , шаҳри Душанбе 11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд. Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад ба мақоми […]
Дар ҳавзаи интихоботии Рашт, №9 то соати 11:00 беш аз 26 ҳазор интихобкунандагон ба номзадҳои арзанда овоз доданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муовини раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Рашт, №9 Ғунчагул Сайфудинова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «барои дар сатҳи баланд гузаштани интихоботи президентӣ дар ноҳияи Рашт 65 участкаи интихоботӣ пурра омода буда, дар хизмати интихобкунандагон қарор доранд. Дар ҳавзаи интихоботии Рашт, №9 64 ҳазору 685 нафар интихобкунандагон мавҷуданд, ки 912 […]
Баромади раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар гусели наваскарон
Муҳтарам наваскарон, Меҳмонони азиз, падару модарон ва ҳозирини гиромӣ! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиашон ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбӣ фарзандони ба нангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, […]
ДАР РӮЗИ АВВАЛИ ДАЪВАТИ ҲАРБӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ 126 НАФАР НАВАСКАРОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САФАРБАР КАРДА ШУДАНД
Имрӯз дар ноҳияи Рашт бахшида ба оғози мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда доир гардид. Дар нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи артиши мамлакат ноҳияи Рашт нақшаи даъвати ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона иҷро кард. Дар рӯзи оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ 126 нафар ҷавонони синни даъвати ноҳияи Рашт, […]
Номаи табрикии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба муносибати 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, “Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин […]