Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

24 ноябри соли 2021 дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Саравал муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода ҷамъомадро бо садо додани суруди милли кушода эълон намуд.

Сипас раиси ноҳия Муқими Раҳимҷон Набизода аҳли нашастро бо рӯзи ҷашни Парчами  давлати табрик намуд.

Қайд карда шуд, ки Парчам яке аз рукнҳои муҳими давлатдории мо, рамзи ҳаёти осоишта, муттаҳидӣ ва ҳувияти миллӣ буда, арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ василаи тарбия дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони меҳнатқарини ноҳия минбаъд низ дар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардида, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу кӯшиш менамоянд.

Дар идомаи чорабинӣ як зумра кормандони бахши фарҳанги ноҳия аз тарафи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ  “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардида буданд, ки дар ин  рӯз мукофотҳо аз  ҷониби раиси ноҳияи Рашт ба соҳибонашон тақдим гардиданд.

 Дар охир санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои дилангези худ табъи ҳозиринро болида гардониданд.