Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаи рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо сифати баланд, мутобиқ ба меъёрҳои меъморӣ ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидан ба корҳои ободонӣ, назорати ҷиддии раванди сохтмон ва истифодаи самараноки маблағҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Зимни маҷлис масъулин аз ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҳисобот пешниҳод намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

