Раисони ҷамоатҳо Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба таҷлили Рӯзи Модарон, миёни занону бонувони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот озмуни ноҳиявии “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардида истодааст.
Озмуни мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан модар, эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва тақвияти нақши занон дар ҷомеа роҳандозӣ шудааст.
Иштирокчиён аз рӯйи шартҳои муқарраргардида маҳорати кадбонугӣ, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги оиладорӣ ва сатҳи маърифати худро ба намоиш мегузоранд.
Ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.