Паём ва суханрониҳои Президент Хабарҳо

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Франсия

08.11.2019 20:51 8 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Франсия бо маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардид. Барои истиқболи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳни ҳавлии Қасри Елисей бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда, горди фахрӣ […]

Суханрониҳои раиси ноҳия

Табрикоти раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба Рўзи милитсияи тоҷик

Муҳтарам ҳомиёни низому тартибот, Ҳозирини гиромӣ! Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва  мавқеи хоса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисьёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солхои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату […]

Паём ва суханрониҳои Президент

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.11.2019 11:34, шаҳри Душанбе 4 ноябр дар Кохи Борбад ба ифтихори таҷлили 25-солагии қабули Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. Ҷамъомади тантанавӣ бо ворид шудани Сарвари давлат ба толор ва садо додани Суруди миллии […]

Суханрониҳои раиси ноҳия

Табрикоти раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба 25-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ! Қаблан мехоҳам ҳамаи Шумоёнро ба 25-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, таманнои онро мекунам, ки зиндагиномаи ҳар яки мову Шумо дар доираи Қонуни асосии танзимкунанда ва пешбарандаи сиёсати имрўзаву ояндаи Ватани азизамон бобаракату пурсамар бошад. Бисту панҷ сол қабл, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон  тавассути раъйпурсии умумихалқӣ яке […]

Тандурустӣ

Кумаки ройгони тиббӣ ба аҳолии ҷомоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳияи Рашт тибқи нақшаи кории муштараки байни Беморхонаи маркази ва Шабакаи муассисаҳои кӯмаки авалияи тиббию санитарӣ дар соли 2019, дар ҷамоатҳои шаҳракию деҳоӣ Боқи Раҳимзода, Оби меҳнат, Ҷафр, Ҳоит ва Ясман  Корвони саломатиро ба роҳ монданд. Дар чорабинии мазкур 15-нафар табибон ширкат варзида ба 650 нафар кӯмаки ройгони аввалияи тиббию […]

Паём ва суханрониҳои Президент

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.10.2019 12:09, шаҳри Душанбе 24 октябр дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо таҳлилҳои амиқи вазъи соҳа суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳадафи вохурӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти […]

Паём ва суханрониҳои Президент

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

22.10.2019 11:32, шаҳри Душанбе Донишмандони муҳтарам! Ҳозирини гиромӣ! Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд. Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон […]

Паём ва суханрониҳои Президент

Суханронӣ дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар

14.10.2019 12:12, шаҳри Душанбе Муҳтарам саноатчиёни кишвар! Ҳозирини гиромӣ! Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Мақсади мулоқоти мо бо шумо – саноатчиёни мамлакат, роҳбарону масъулони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, […]

Паём ва суханрониҳои Президент

Мулоқот бо як гуруҳ иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”

22.10.2019 13:57, шаҳри Душанбе 22 октябр дар Китобхонаи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз” бо як гуруҳ меҳмонон аз кишварҳои хориҷ – иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ мулоқот карданд. Дар оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ […]

Аксҳо Кишоварзӣ Хабарҳо

12 октябри соли 2019 таҷлили иди Меҳргон дар ноҳияи Рашт

 Иди Меҳргон ҳамчун рамзи тирамоҳи зарринрў, айёми ҷамъоварии ҳосил ҳамасола дар саросари кишварамон бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Шукўҳу шаҳомати таҷлили имсолаи ин иди қадимаи тоҷикон то дергоҳ дар лавҳи хотирҳо нақш мебандад. Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм иди аҷдодии точикон яъне иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Дар таҷлили ин ҷашни миллӣ Соҳибҷон […]