Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР НОҲИЯИ РАШТ.

Бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ доир шуд.

Дар он раисони ноҳияҳои водии Рашт,  сардори Раёсатии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт, Роҳбарон ва кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ дар минтақа,  собиқадорони мақомоти милитсияи тоҷик дар ноҳия ва дигар фаълону сокинон иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳия полковники милитсия  Ваҳобзода Баҳодур Барот дар назди ҳозирин баромад намуда, аз роҳҳои тайкардаи мақомоти милитсияи тоҷик ёдоварӣ кард.  Қайд гардид, ки  Милитсияи тоҷик имрӯз тамоми шароитҳоро барои мубориза бо зуҳурот ва унсурҳои номатлуби ҷомеа доро мебошад. Зеро дар тамоми зинаҳои мақомот кормандони бо салоҳияту ботаҷриба фаъолият менамоянд.

Сипас Паёми табрикотии раиси ноҳияи  Рашт  Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Қайд гардид, ки милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои таъсиёбияш, роҳҳои душвору мураккабро тай намуда, аз тамоми санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон ба зима гузошта шуда буд, сарбаландона баромада, тамоми қувва, нерӯи зеҳнӣ ва касбии хешро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ дода дар таҳкими амнияти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштаистодааст.

Сипас, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии  раиси ноҳияи Рашт, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳия, раиси комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба як чанд нафар кормадони фаъол  ва собиқадорон дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.

Дар интиҳо баҳри болидарӯҳии иштирокдорон барномаи консертии Бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Лахш, Тоҷкобод пешкаши ҳозирин гардид.