Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

КОНСТИТУТСИЯИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН.

              Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — яке аз  ҷашнҳои  асосии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад ва он ҳамасола 6 ноябр  таҷлил  мешавад.

6 ноябри соли 1994 дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ — 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.[1]

22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.[2] Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд.

6 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқарар шудааст.

    Конститутсия пеш аз ҳама ҳуҷҷати юридикие мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад.

   Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд. Вожаи Конститутсия лотинӣ буда, ба маънои муқаррар кардан, тасдиқ намудан дар Рими қадим пайдо шудааст.

   Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон, шаҳрванд ва бо мақсади демократӣ кардани ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бори нахуст дар таърихи давлатдории навин Конститутсияи нави мамлакатро 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар иртибот ба арзишҳои олӣ, аз ҷумла ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин «Бахтномаи миллат», «Асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Волоияти қонун», «Ҳифзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» мебошад.
Аз ин ру, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебояд донистан ва сармашқи кори худ қарор додани Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи инсонии хеш донад. Мардуми тоҷик тибқи Констутсияи кишвар худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеа ҷахон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумла дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидааст.

 

 ХОҶАЕВ  ТОИР – мудири бахши иттилоотӣ дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт.