Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, рассомӣ, дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, равона шудааст.
Дар робита ба ин 22 апрели соли ҷорӣ дар толори қасри фарҳанги ноҳияи, Рашт даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардида 26 нафар ғолибони озмун ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.
Дар озмун довталабони сину соли гуногун фаъолона иштирок намуда, аз рӯи номинатсияҳои муаянгардида, ҳунару истеъдоди худро нишон доданд.