Роҳбарони сохтори давлатӣ Хабарҳо

ТАНДУРУСТӢ — ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ — бунгоҳи нави тиббӣ дар назди Маркази саломатии ноҳияи Рашт, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ғарм, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунгоҳи […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СЕХИ НАВИ ҚАННОДӢ  ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ СОҲАИ ИҚТИСОДИИ РАШТ

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм сехи нави қаннодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сехи мазкур бо мақсади рушди истеҳсолоти ватанӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори маҳаллӣ […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РОҲИ ОБОД  ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ РУШДИ ДЕҲОТ

 Дар деҳаи Гулхани Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт, роҳи дохилии деҳа ба масофаи 5 километр бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Аҳмадзодаҳо пурра асфалтпӯш карда шуд. Амалӣ гардидани ин иқдоми созанда барои беҳтар намудани шароити рафтуомади […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ГУЗАШТИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз, 7-уми сентябри соли равон маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм симои идона гирифт. Ташкил ва баргузории паради ҳарбӣ, ки ба муносибати истиқболи шоиста аз 35 умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 2000 низомиён ва сокинони касбу кори гуногун сурат гирифт бозгуи муҳаббат ва садоқати воқии сокинон нисбат ба миллату давлат буд. […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ИФТИХОР

  Имрӯз дар майдони марказии ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.  Ҷашни бузурги миллӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИСТИҚЛОЛ  ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар маркази ноҳияи Рашт ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ОБОДКОРИҲОИ НАВ  ҚАДАМҲОИ МУҲИМ БА СӮЙИ РУШД

Дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифта, як қатор иқдомҳои муҳим ба анҷом расонида шуданд. Бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ФАБРИКАИ НАВ  ҚАДАМ БА СӮЙИ РУШДИ САНОАТ

Дар деҳаи Ярхаби ноҳияи Рашт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ фабрикаи мурғпарварӣ бунёд гардида, ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори корхона дар марҳилаи аввал 10 ҳазор сар мурғ буда, истеҳсолот дар оянда марҳила ба марҳила афзоиш дода мешавад. Фабрика ба истеҳсоли тухми хушсифат равона гардида, барои таъсиси даҳҳо ҷойи нави […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

  МАКТАБИ НАВ  ҚАДАМИ НАВ БА СӮЙИ ДОНИШ

 Дар деҳаи Хулаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт, дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои нави таълимӣ барои 160 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт. Бинои қаблии муассиса бар асари заминларза хароб гардида буд. Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми сокинони деҳа, дар муҳлати кӯтоҳ бинои нави таълимӣ бунёд […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ҚАДАМЕ БА СӮЙИ ОБОДӢ: РОҲИ ДЕҲАИ ҚУЛО АСФАЛТПӮШ ГАРДИД

Дар деҳаи Қулои Ҷамоати деҳоти Навдии ноҳияи Рашт дар доираи корҳои созандагию ободонӣ ва бо ташаббуси сокинони деҳа роҳи дохилии маҳалла ба масофаи 1 километр аз ҳисоби аҳолӣ пурра асфалтпӯш карда шуд. Иҷрои ин иқдоми созандагӣ барои ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт, рафтуомади сокинон ва дар маҷмӯъ, беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар […]