Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДОИР БА ТАҲКИМИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Ҷиҳати иҷрои талаботҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми  августи соли 2021, №222 «Дар бораи  Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва иттилоотонии онҳо аз оқибатҳои зарраровари коррупсия бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рашт,  ташкилоту муассисаҳо  ва […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ  РӮЗИ  ҶАВОНОН  ДАР  НОҲИЯИ  РАШТ

 Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанги ноҳия намоиши дастовардҳои ҷавонон дар соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ гардида, аз намоиши мазкур раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа дидан намуда, ба ҳунар ва истеъдоди ҷавонон баҳои баланд доданд.   […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Кӯдакон ояндаи миллат ва давлати тоҷикон мебошанд!

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд, ки “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст. Хусусан, солимии кӯдакон ояндаи миллат буда, таъмини ҳуқуқҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

21 май бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии омӯзгорон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Маориф ва тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорон ва […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҶАМЪИЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Имрӯз, 20 майи соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Шодиён Исматулло Раҳматуллозод  котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамидиён Орзу Зубайдулло мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Вализода Илҳомиддин  Сироҷиддин  муовини […]

Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди муассисаҳои томактабӣ дар тамоми қаламрави кишвар вусъати тоза касб кардааст. Ин аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллию сокинони ватандӯст дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Рашт бунёди […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ШУКӮҲИ ДАВИ МИЛЛӢ ДАР РАШТ 

Субҳи 17 май маъракаи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар ноҳияи Рашт бо мақсади оммавияти варзиш ва солимгардонии аҳолӣ дар доираи нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар се минтақа:  шаҳраки Ғарм ва ҷамоатҳои шаҳраки Навободу деҳоти Ҳоит бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи мазкур беш аз шаш ҳазор […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ДАР НОҲИЯИ РАШТ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА БО ШУКӮҲИ ХОС ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Имрӯз дар амфитеатри ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ–маърифатӣ бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолон, омӯзгорон, занону ҷавонон ва сокинони ноҳия баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар фазои гарму самимӣ […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РАФТИ ШАНБЕГӢ ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ РАШТ

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин супоришҳои раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, дар ҳудуди ноҳияи Рашт шанбегии умумӣ баргузор гардид. Дар шанбегии […]

Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ МУДОФИАВӢ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

15 майи соли 2026 дар маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Рашт чорабинии муҳими сиёсӣ ва ҳарбӣ оид ба мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими омодабошии ҷангӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар самти таъмини амният ва мудофиаи кишвар арзёбӣ гардид. Дар чорабинӣ муовини аввали сардори […]