Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як муассисаи муҳими таълимӣ — бинои нави Литсеи касбии техникии ноҳияи Рашт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидои ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна ва 17 синфхона иборат буда, дорои 356 ҷойи нишаст мебошад. Муассиса барои омода намудани кадрҳои соҳибкасб дар самтҳои гуногуни барои бозори меҳнат зарур фаъолият намуда, айни замон дар он 225 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 40 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар Литсеи касбии техникӣ 35 нафар омӯзгор, аз ҷумла 8 нафар зан, ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд.
Муассиса аз рӯйи як қатор ихтисосҳои барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъмини бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасб зарур, аз ҷумла кафшергарӣ, системаи компютерӣ, тракторчӣ–мошинист, дӯзандагӣ, чӯбтарош–бинокор, барқчӣ, муҳосибӣ ва ронандагӣ ба таълими хонандагон машғул буда, ҳамзамон курсҳои кӯтоҳмуддати касбиро низ ба роҳ мондааст.
Бинои мазкур бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии ҷавонони ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба истифода додани чунин муассисаи муосири таълимӣ боз як қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифу касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии ҷавонон ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба ҳисоб меравад.
Ин иқдоми созанда дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчун туҳфаи арзанда ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, ба рушди минбаъдаи соҳаи таҳсилоти касбӣ дар ноҳияи Рашт мусоидат хоҳад кард.



