Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РОҲИ ОБОД  ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР РОҲИ РУШДИ ДЕҲОТ

 Дар деҳаи Гулхани Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт, роҳи дохилии деҳа ба масофаи 5 километр бо ташаббус ва маблағгузории оилаи Аҳмадзодаҳо пурра асфалтпӯш карда шуд.
Амалӣ гардидани ин иқдоми созанда барои беҳтар намудани шароити рафтуомади сокинон, ҳаракати озоди воситаҳои нақлиёт ва рушди инфрасохтори маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар маросими шиносоӣ бо корҳои анҷомдодашуда Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Файзалӣ Фузайлшо, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии захираҳои  моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Тоҷиддин ва Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок намуданд.
Ободонӣ ва беҳтар намудани роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими рушди инфрасохтори деҳот ба ҳисоб рафта, саҳми бевоситаи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ дар татбиқи чунин иқдомҳои созанда нишонаи баланди масъулияти шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ободии маҳал мебошад.
Асфалтпӯш намудани роҳи дохилии деҳаи Гулхан дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як иқдоми муҳими созанда ба ҳисоб рафта, барои боз ҳам ободу зебо гардидани деҳа ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.