Имрӯз, 7-уми сентябри соли равон маркази ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм симои идона гирифт.
Ташкил ва баргузории паради ҳарбӣ, ки ба муносибати истиқболи шоиста аз 35 умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 2000 низомиён ва сокинони касбу кори гуногун сурат гирифт бозгуи муҳаббат ва садоқати воқии сокинон нисбат ба миллату давлат буд.
Дар гузашти низомӣ кормандони сохторҳои қудартии дар минтақа ва ноҳияи Рашт фаъолияткунанда иштирок намуданд.
Қабл аз оғози гузашти низомӣ Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо сокинон ва дар симои онҳо кулли мардуми тоҷикро ба ифтихори 35 солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, истиқлолу озодиро бузургтарин неъмати зиндагии ҳар фард унвон намуд,
Расидан ба ин рӯзи бо саодат ва устувору пойдории он нахуст аз талошҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, иброз дошт Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода.
Зикр шуд, ки зери роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мақоми устувор дошта, бо ташаббусҳои созанда ва сиёсати сулҳҷӯёна дар арсаи ҷаҳон машҳуру маҳбуб гаштааст.
Гузашти ҳарбӣ дар фазои баланди тантанавӣ баргузор гардида, бори дигар аз садоқати хизматчиёни ҳарбӣ ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҷонибдории сокинон аз сулҳу субот ва дастовардҳои даврони истиқлол дарак дод.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу оромии кишвар таҷлил гардид.


