Нимаи дуюми рӯзӣ 9 декабри соли равон дар долони Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт ҷамъбасти даври минтақавии Озмуни ” Хушдомани беҳтарин” баргузор карда шуд. Ғолибони даври минтақавии Озмун аз ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои Раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо қадрдонӣ гардиданд. Барномаи консертии ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия табъи ҳозиринро болида гардонид.
Сабтҳои охирин
КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ ОБОДКОРИ ДАР ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ РАШТ
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бунёди 315 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, танҳо дар моҳи ноябри соли равон 25 адади иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Алҳол дар иншооти боқимондаи ҷашнии ноҳия корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ бомаром идома доранд. Бо қомат афрохтани биноҳои муосир симои маркази ноҳияи […]
ВОХУРИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО ФАЪОЛОНУ ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ НОҲИЯ РАШТ.
26 октябри соли 2024 дар Кохи фарҳанги ноҳияи Рашт, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар самти ҳуқуқи бо фаъолони ноҳия вохӯри доир нумуданд. Раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо вохӯриро оғоз намуда, иброз доштанд, ки, ки мақсади асосии баргузории чунин вохӯриҳо пеш […]
Семинари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ»
Санаи 06 июни соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт семинари фаҳмондадиҳи бо иштироки муовини аввали раиси ноҳияи Рашт Шарифзода Ҳамдулло Ҳоҷӣ, Маликова Муҳаббат- сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва маниторинги иҷрои барномаҳои миллӣ ва Зиёев Соҳибҷон-сармутахассиси Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

