Дар ноҳияи Рашт ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром ва вусъати тоза идома доранд. Таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Идизода, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо намудани шаҳраку деҳот тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.
Дар тамоми гӯшаву канори ноҳия корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулшинонӣ, тозаву озода намудани роҳу кӯчаҳо, гулгашту майдонҳо ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ вусъат гирифта, симои маҳал рӯз ба рӯз зебову дилрабо мегардад.
Ҷараёни корҳои созандагӣ танҳо ба ободонии муҳити зист маҳдуд нашуда, ба бунёди иншооти нав, навсозии инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон низ равона гардидааст. Ҳар як иқдоми созанда дар ин самт бозгӯи азми қавии сокинони ноҳия барои саҳм гузоштан дар рушди Ватани маҳбуб мебошад.
Дар ин корҳои муҳим сокинони касбу кори гуногун, ҷавонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон фаъолона иштирок намуда, бо меҳнати созанда дар ободии маҳалли зисти худ саҳм мегузоранд. Зеро ободии диёр аз ҳар як кӯча, маҳалла ва деҳа оғоз меёбад.
Имрӯз Рашт бо рӯҳияи баланди созандагӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ омодагӣ мегирад. 35-солагии Истиқлол барои ҳар як сокини ноҳия на танҳо ҷашни бузург, балки рамзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафт ва созандагӣ мебошад.

